Санаи 20 июни соли ҷорӣ мулоқоти Вазири кишоварии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимзода Қурбон бо Вазири муҳити зист ва кишоварзии Гурҷистон Давид Сонгулашвил баргузор гардид. Ҷонибҳо оид ба барои рушди ҳамкориҳои судманд дар самти дар соҳаи кишоварзӣ, аз…
Санаи 20 июни соли ҷорӣ мулоқоти Вазири кишоварии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимзода Қурбон бо Вазири муҳити зист ва кишоварзии Гурҷистон Давид Сонгулашвил баргузор гардид.
Ҷонибҳо оид ба барои рушди ҳамкориҳои судманд дар самти дар соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла дар самтҳои растанипарварӣ, токпарварӣ, чорводорӣ ва парандапарварӣ, гузаронидани корҳои илмию тадқиқотии муштарак ва такмили ихтисос, мубодилаи таҷриба байни мутахассисони соҳаи кишоварзии тарафайн, муҳофизати растаниҳо аз касалиҳо ва ҳашаротҳои зараррасон, рушди содироти маҳсулоти кишоварзӣ, тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи эко-туризм ва агро-туризм ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳа изҳори ҳавасмандӣ намуданд.
Ҳамчунин ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки боназардошти ба имзо расидани Ёддошти тафоҳум байни вазоратҳои кишоварзии ду кишвар Харитаи роҳи ҳамкориҳоро таҳия намуда, ҷиҳати пеш бурдани ҳамкориҳо гуруҳи корӣ таъсис дода шавад.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон