Инкишоф ва сабзиши пахта Дар асоси маълумотҳо инкишоф ва сабзиши пахта дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба ҳолати 30.05.2026 дар майдони 182448 гектар пахта кишт шудааст, ки аз он майдони 147410 гектар пурра инкишоф ёфтааст. Рафти шудгор ва кишти баҳории…
Инкишоф ва сабзиши пахта
Дар асоси маълумотҳо инкишоф ва сабзиши пахта дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба ҳолати 30.05.2026 дар майдони 182448 гектар пахта кишт шудааст, ки аз он майдони 147410 гектар пурра инкишоф ёфтааст.
Рафти шудгор ва кишти баҳории зироатҳои кишоварзӣ
Дар асоси маълумотҳои фаврӣ мувофиқи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 30.05.2026 дар майдони 423104 гектар кишти баҳорӣ гузаронида шудааст.
Аз он зироатҳои ғалладонагӣ 98900 гектар, (аз он гандум дар майдони 34014 гектар, ҷав 34746 гектар), зироатҳои техникӣ 204441 гектар аз он пахта (182448 гектар), зироатҳои равғандиҳанда 21705 гектар, картошка 36171 гектар, сабзавот 40264 гектар (аз он пиёз 13342 гектар, сабзӣ 5140 гектар, карам 2097 гектар, помидор 8106 гектар, бодиринг 4059 гектар, дигар сабзавотҳо дар майдони 7522 гектар), полизӣ 17288 гектар ва зироати хӯроки чорво дар майдони 25595 гектар кишт карда шуд.
Фаъолияти гармхонаҳои доимамалкунанда
Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 30.05.2026 дар ҷумҳурӣ 1028 адад гармхонаҳои доимамалкунанда мавҷуд аст, ки майдони умумии онҳо 193,7 гектарро ташкил медиҳад.
Дар майдони 174,6 гектар кишт гузаронида шудааст, ки аз он помидор 78,2 гектар, бодиринг 41,0 гектар ва дигар сабзавотҳо 54,3 гектар мебошад.
Аз майдони умумии киштшуда ба миқдори 3027,6 тонна сабзавот, аз он помидор 1192,0 тонна, бодиринг 699,8 тонна ва дигар сабзавотҳо 1135,8 тонна истеҳсол шудааст.
Фаъолияти гармхонаҳои мавсимӣ
Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 30.05.2026 дар гармхонаҳои мавсимӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ ҳамагӣ дар майдони 4017 гектар кишти сабзавот гузаронида шудааст, ки аз он помидор 1348 гектар, бодиринг 1095 гектар ва дигар сабзавотҳо 1574 гектарро ташкил медиҳад.
Аз ин майдон 28385 тонна маҳсулот истеҳсол шудааст, ки помидор 5539 тонна, бодиринг 7100 тонна ва дигар сабзавотҳо 15745 тонна мебошад.
Ҷамъоварии ғалладона дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ
Дар асоси маълумотҳои фаврӣ дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонии ҷумҳурӣ дар майдони 291453 гектар кишти ғалладонагиҳо гузаронида шудааст.
Ба ҳолати 30.05.2026 майдони 4928 гектар даравидашударо ташкил медиҳад. Ҳосили умумӣ 17638 тонна ва ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар 37 сентнер буда, 156 адад комбайнҳо дар майдонҳо ба дарав намуда истодаанд.
Аз он майдони кишти гандум 194941 гектар буда, майдони 3115 гектар даравидашударо ташкил медиҳад. Ҳосили умумӣ 11775 тонна ва ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар 40 сентнер буда, 120 адад комбайнҳо дар майдонҳо ба дарав намуда истодаанд.
Ҷамъоварии мева, ангуг, сабзавот ва полизиҳо дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ
Дар асоси маълумотҳои фаврӣ то санаи 30.05.2026 дар ҷумҳурӣ 10463 тонна мева ва 29 тонна ангур ҷамъоварӣ карда шудааст.
Картошка: майдони кишт дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ 36171 гектарро ташкил дода, ба ҳолати 30.05.2026 майдони 1895 гектар ҷамъоварӣ карда шуда, ҳосили умумӣ 32174 тонна ва ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар 170 сентнер мебошад.
Майдони кишти сабзавот 40264 гектар буда, масоҳати ҷамъоваришуда 7681 гектар ва ҳосили умумии онҳо 264846 тонна мебошад, аз он ҷумла пиёз 169108 тонна, карам 20436 тонна, помидор, 7192 тонна, бодиринг 17136 тонна,сабзӣ 19917 тонна ва дигар сабзавотиҳо 31057 тонна буда, ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар ба ҳисоби миёна 345 сентнер мебошад.
Майдони кишти полизиҳо 17288 гектар буда, масоҳати ҷамъоваришуда 556 гектар ва ҳосили умумии онҳо 12076 тонна мебошад, ки ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар ба ҳисоби миёна 218 сентнерро ташкил медиҳад.
Наслгирӣ аз чорвои майда дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонии ҷумҳурӣ
Дар асоси маълумотҳо дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонии ҷумҳурӣ тибқи дурнамо бояд 465931 сар барраю бузғола насл гирифта шавад.
Ба ҳолати 30.05.2026 478577 сар барраю бузғола насл гирифта шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 41056 сар зиёд буда, ба 100 сар меш ва модабуз 86 сар рост меояд. Айни замон маъракаи наслгирӣ бомаром идома дорад.
Техника ва мошинолоти кишоварзӣ
Тибқи маълумотҳои оморӣ оид ба вазъи техника ва мошинолотҳои кишоварзӣ ба ҳолати 01.05.2026 дар ҷумҳурӣ 27710 адад техникаҳои кишоварзӣ мавҷуд буда, 81%-и он омодаи кор мебошад.
Аз он 26420 адад тракторҳо, 1047 адад тракторҳои шудгоркунанда, 6154 адад байниқаторӣ ва 19219 адад нақлиётӣ, 1118 адад комбайни ғалладарав, 115 адад комбайни хурокичорвоғундор, 36 адад мошини пахтачин, ташкил медиҳад.
Мошинолотҳо 27525 ададро ташкил намуда, аз он 10923 адад испорҳои тракторӣ, 6967 адад ядакҳои тракторӣ, 3350 адад култиваторҳо, 1970 адад тухмипошакҳо аз он: 1651 адад тухмипошакҳои пахта, 1760 адад достҳои тракторӣ, 1181 адад тойбанду тагрезчин, 532 адад картошкаканакҳо, 253 картошкашинонакҳо ва 589 адад алафҷамъкунакҳо дар кишту кор иштирок омодаанд.
Воридоти техника ва мошинолоти кишоварзӣ дар 4 моҳи соли 2026 ба ҷумҳурӣ ҳамагӣ 898 адад техника ва мошинолоти кишоварзӣ ворид гардида, аз он: тракторҳо 250 адад, комбайни ғалладарав 4 адад, мошини алафдарав 4 адад, испори тракторӣ 120 адад, кулухмайдакунак (фреза) 61 адад, тойбанду тагрезчин 40 адад, дорупошак 65 адад, картошкашинонак 3 адад, картошкаканак 3 адад, тухмипошаки кишти дақиқи пахта 100 адад ва алафдаравак 42 адад.
Инчунин, техникаи ёрирасони соҳаи кишоварзӣ аз ҷумла: экскаватор 88 адад ва боркунак (погрузчик) 66 адад ворид гардидааст.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии ҶумҳурииТоҷикистон, тел: 235-39-23