Инкишоф ва сабзиши пахта
Дар асоси маълумотҳо инкишоф ва сабзиши пахта дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба ҳолати 15.05.2026 дар майдони 179074 гектар пахта кишт шудааст, ки аз он майдони 102542 гектар пурра инкишоф ёфтааст.
Рафти шудгор ва кишти баҳории зироатҳои кишоварзӣ
Дар асоси маълумотҳои фаврӣ мувофиқи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 15.05.2026 дар майдони 402254 гектар кишти баҳорӣ гузаронида шудааст.
Аз он зироатҳои ғалладонагӣ 93121 гектар, (аз он гандум дар майдони 33962 гектар, ҷав 34481 гектар), зироатҳои техникӣ 199995 гектар аз он пахта (179074 гектар), зироатҳои равғандиҳанда 20636 гектар, картошка 30197 гектар, сабзавот 38133 гектар (аз он пиёз 13244 гектар, сабзӣ 4896 гектар, карам 2033 гектар, помидор 7312 гектар, бодиринг 3891 гектар, дигар сабзавотҳо дар майдони 6758 гектар), полизӣ 15576 гектар ва зироати хӯроки чорво дар майдони 25151 гектар кишт карда шуд.
Фаъолияти гармхонаҳои доимамалкунанда
Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 15.05.2026 дар ҷумҳурӣ 1022 адад гармхонаҳои доимамалкунанда мавҷуд аст, ки майдони умумии онҳо 190,1 гектарро ташкил медиҳад.
Дар майдони 147,7 гектар кишт гузаронида шудааст, ки аз он помидор 71,5 гектар, бодиринг 35,2 гектар ва дигар сабзавотҳо 41,0 гектар мебошад.
Аз майдони умумии киштшуда ҳамагӣ ба миқдори 2538,4 тонна сабзавот, аз он помидор 908,7 тонна, бодиринг 557,1 тонна ва дигар сабзавотҳо 1072,6 тонна истеҳсол шудааст.
Фаъолияти гармхонаҳои мавсимӣ
Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 15.05.2026 дар гармхонаҳои мавсимӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ ҳамагӣ дар майдони 4017 гектар кишти сабзавот гузаронида шудааст, ки аз он помидор 1348 гектар, бодиринг 1095 гектар ва дигар сабзавотҳо 1574 гектарро ташкил медиҳад.
Аз ин майдон ҳамагӣ 18593 тонна маҳсулот истеҳсол шудааст, ки помидор 2957 тонна, бодиринг 4418 тонна ва дигар сабзавотҳо 11217 тонна мебошад.
Наслгирӣ аз чорвои майда дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонии ҷумҳурӣ
Дар асоси маълумотҳо дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонии ҷумҳурӣ тибқи дурнамо бояд 465931 сар барраю бузғола насл гирифта шавад.
Ба ҳолати 15.05.2026 469291 сар барраю бузғола насл гирифта шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 34406 сар зиёд буда, ба 100 сар меш ва модабуз 84 сар рост меояд. Айни замон маъракаи наслгирӣ бомаром идома дорад.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии ҶумҳурииТоҷикистон, тел: 235-39-23