Санаи 7 майи соли равон мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон бо Директори минтақавии Департаменти Аврупо ва Осиёи Марказии Бонки Ҷаҳонӣ Самеҳ Ваҳба ва роҳбари намояндагии доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Хазем…
Санаи 7 майи соли равон мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон бо Директори минтақавии Департаменти Аврупо ва Осиёи Марказии Бонки Ҷаҳонӣ Самеҳ Ваҳба ва роҳбари намояндагии доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Хазем Иброҳим Ҳанбал баргузор гардид.
Дар мулоқот ҷонибҳо оид ба ҳамкориҳои судманди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ изҳорӣ сипосмандӣ намуда, вобаста ба дастгириҳои рушди соҳаи кишоварзӣ, бунёди марказҳои агрологистикӣ, пешгирии тағйирёбии иқлим, хушксолӣ ва ба он мутобиқ намудани зироатҳо, инчунин дастгириҳо дар самти илм аз ҷумла дар Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур имкониятҳои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва содиротро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон ҷиҳати дастгирии ҳамешагӣ ба намояндагони Бонки ҷаҳонӣ ва амалисозии лоиҳаҳои минбаъда изҳори сипос намуданд.
Директори минтақавии Департаменти Аврупо ва Осиёи Марказии Бонки Ҷаҳонӣ Самеҳ Ваҳба ҳавасмандии Бонки ҷаҳониро ҷиҳати рушди соҳаи кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалисозии лоиҳаҳову барномаҳо ибрози назар намуданд.
Мавриди зикр аст, ки дар доираи ҳамкориҳои судманд барои дастгирии соҳаи кишоварзӣ ва рушди он аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ 108 миллион доллар ҷиҳати татбиқи Лоиҳаи баланд бардоштани устувории кишоварзӣ мебошад, ки намунаи равшани ҳамкориҳоро ташкил медиҳад. То имрӯз, лоиҳа натиҷаҳои аъло ва назаррасро нишон медиҳад.
Маркази матбуот ва иттилооти
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон