31 августи соли 2026 дар толори маҷлисгоҳи дастгоҳи марказии Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандон тамошои дастаҷамъонаи мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти…
31 августи соли 2026 дар толори маҷлисгоҳи дастгоҳи марказии Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандон тамошои дастаҷамъонаи мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли маориф ба муносибати Рӯзи дониш доир гардид.
Мулоқоти мазкур ба ифтихори соли нави таҳсил ва Рӯзи дониш дар бинои навбунёди Муассисаи таҳсилоти умумии рақами 105-и шаҳри Душанбе, ки яке аз калонтарин муассисаҳои таълимӣ дар пойтахти мамлакат ба шумор рафта, дар он беҳтарин шароити илму донишомӯзӣ муҳайё карда шудааст, баргузор гардид.
Дар суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсусан қайд карда шуд, ки аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ то имрӯз масъалаҳои мактабу маориф ва омӯзгору хонанда таҳти таваҷҷуҳу ғамхории аввалиндараҷаи Ҳукумати мамлакат қарор дошта, раванди ислоҳоти соҳаи маориф ва таҷдиду навсозӣ дар ҳама самтҳои он бомаром идома дорад.
Дар ин замина аз тарафи роҳбари давлат ба камбудиҳои дар ин самт ҷойдошта ишора гардида, ба вазорату идораҳо, корхонаву муассисаҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати бартараф кардани масъалаву мушкилоти дар ин самт ҷойдошта дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.