24 августи соли 2026 Дар доираи чорабиниҳои бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ноҳияи Рашт мулоқоти раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти…
Дар доираи чорабиниҳои бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ноҳияи Рашт мулоқоти раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод бо фаъолони ноҳияи Рашт баргузор гардид.
Зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба раванди корҳои ободонию созандагӣ, омодагӣ ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ ва татбиқи дастуру супоришҳои роҳбарияти давлат мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод таъкид намуд, ки ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабиниҳои ҷашнӣ масъулини ноҳия корҳои ободонию созандагиро вусъат бахшида, иҷрои нақшаҳои пешбинишударо таъмин намоянд.
Ҳамзамон, зарурати таҳкими корҳои тарғиботию идеологӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии шаҳрвандон, омодагӣ ба чорабиниҳои фарҳангӣ ва фароҳам овардани шароити муносиб барои таҷлили ҷашни миллӣ таъкид гардид.
Дар ин раванд фаъолони ноҳия барои саҳмгузорӣ дар корҳои ободонию созандагӣ, тарғиби арзишҳои миллӣ, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва иштироки фаъол дар чорабиниҳои бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ даъват карда шуданд.
Муовини якуми раиси ноҳияи Рашт Ҳамдулло Шарифзода зимни мулоқот иброз дошт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти давлат ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ намуда истодааст.
Дар фарҷоми мулоқот вобаста ба масъалаҳои баррасишуда ба масъулини соҳаҳои дахлдор ва фаъолони ноҳия дастуру супоришҳои мушаххас дода шуда, таъкид гардид, ки корҳои ободонию созандагӣ, тарғиботию идеологӣ ва омодагӣ ба чорабиниҳои ҷашнӣ бо масъулияти баланд ва ҳисси ватандӯстӣ идома дода шаванд.