22 августи соли 2026 Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Нуробод раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод ва раиси ноҳияи Нуробод Солеҳзода Фатҳуддин Ҳусен аз полези тарбузпарварии воқеъ дар заминҳои собиқ…
Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Нуробод раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод ва раиси ноҳияи Нуробод Солеҳзода Фатҳуддин Ҳусен аз полези тарбузпарварии воқеъ дар заминҳои собиқ фурудгоҳи Ҷамоати деҳоти Меҳробод боздид намуданд.
Дар ин мавзеъ барои аввалин маротиба дар майдони зиёда аз як гектар замин тарбуз кишт карда шуда, дар натиҷаи истифодаи самараноки замин ва нигоҳубини дурусти киштзор ҳосили фаровон ба даст оварда шудааст.
Зимни боздид масъулини соҳаи кишоварзӣ оид ба раванди кишту парвариши тарбуз, корҳои анҷомдодашуда ва натиҷаҳои бадастомада маълумот пешниҳод намуданд.
Гурӯҳи корӣ аз ҳолати полез ва ҳосили бадастомада шинос шуда, ба самаранок истифода намудани заминҳои кишоварзӣ баҳои мусбат доданд.
Таъкид гардид, ки истифодаи самараноки заминҳои бекорхобида ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани онҳо барои зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини бозори дохилӣ ва беҳтар намудани вазъи иқтисодии хоҷагиҳо заминаи мусоид фароҳам меорад.
Раиси Кумитаи рушди маҳал барои идомаи чунин ташаббусҳо, истифодаи оқилонаи замин ва васеъ намудани майдони кишти зироатҳои кишоварзӣ тавсияҳои дахлдор пешниҳод намуд.
Боздиди мазкур аз ҷумлаи иқдомҳои созанда дар самти истифодаи самараноки замин ва рушди соҳаи кишоварзӣ дар ноҳияи Нуробод арзёбӣ гардид.