22 августи соли 2026 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор мулоқоти гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ бо фаъолони ноҳия баргузор гардид. Дар мулоқот раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод,…
22 августи соли 2026 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор мулоқоти гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ бо фаъолони ноҳия баргузор гардид.
Дар мулоқот раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод, раиси ноҳияи Сангвор Маҳмадшоҳ Давлатзода муовини якум ва муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои деҳот, раисони кумитаҳои маҳалла иштирок намуданд.
Мулоқотро раиси ноҳияи Сангвор Маҳмадшоҳ Давлатзода ифтитоҳ намуда, ҳадаф ва аҳамияти баргузории онро шарҳ дода, аз вазифаҳои муҳиме, ки дар самти иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 марти соли 2026, №АП-996 ва омодагӣ ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, ёдовар шуд.
Сипас, раиси ноҳияи Сангвор Маҳмадшоҳ Давлатзода оид ба рафти иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 марти соли 2026, №АП-996 «Дар бораи эълон гардидани соли 2026 — Соли вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» ва тадбирҳои амалишаванда ҷиҳати омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал пешниҳод намуд. Зикр гардид, ки дар ноҳия корҳои ободонӣ, бунёди иншооти иҷтимоӣ ва истеҳсолӣ, таъмиру навсозии роҳҳо, сабзу хуррамгардонӣ ва беҳсозии инфрасохтор бо маром идома доранд.
Дар идома раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод оид ба муҳтавои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазифаҳои аз он бармеомада суханронӣ намуда, аз корҳои созандагию бунёдкорӣ, сабзу хуррамгардонӣ ва таҳкими ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ дар байни аҳолӣ ёдовар гардид. Ӯ фаъолияти мақомоти маҳаллиро дар самти иҷрои корҳои ободонӣ мусбат арзёбӣ намуда, барои боз ҳам вусъат додани корҳои созандагӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда ва бо дастовардҳои назаррас истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулин дастуру тавсияҳои мушаххас дод.
Дар фарҷоми мулоқот раиси Кумитаи рушди маҳал Камолиддин Муминзод натиҷагирӣ намуда, фаъолонро ба масъулияти бештар, иҷрои босифати супоришҳои роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин саҳмгузории фаъолона дар корҳои ободониву созандагӣ даъват кард.