7 майи соли 2026 ҷаласаи якуми гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ оид ба ҳамоҳангсозии иҷрои нақшаи чорабиниҳои «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа муҳтарам Анвар Сафарзода, раиси Кумитаи рушди маҳал Камолиддин Муминзод, роҳбарони сохторҳои дахлдори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва фаъолони ҷомеа баргузор гардид.
Дар рафти ҷаласа масъалаҳои муҳими марбут ба иҷрои босифат ва саривақтии нақшаи чорабиниҳо, тақвияти корҳои ободонӣ, рушди инфрасохтор, тозаву озода нигоҳ доштани маҳалҳо, беҳтар намудани шароити иҷтимоии аҳолӣ ва таҳкими ҳисси ватандӯстиву худогоҳии миллӣ мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор дода шуданд.
Қайд гардид, ки ҳадафи асосии эълон гардидани ин сол ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» баланд бардоштани маърифати шаҳрвандӣ, таҳкими ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва густариши корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар мебошад.
Иштирокчиёни ҷаласа таъкид намуданд, ки корҳои ободонӣ танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ набуда, балки масъулияти умумимиллӣ ба ҳисоб меравад ва ҳар як сокини кишвар бояд дар пешрафту шукуфоии Ватани азиз саҳми арзандаи худро гузорад.
Ҳамчунин вобаста ба иҷрои нақшаи чорабиниҳо ба масъулин ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои сохтмонӣ, таъмиру азнавсозии роҳҳо, муассисаҳои таълимӣ, иншооти иҷтимоӣ, кабудизоркунӣ, тозагӣ ва ободу зебо гардонидани маҳалҳои аҳолинишин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Дар ҷаласа махсус таъкид гардид, ки таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ, эҳтиром ба таърих ва фарҳанги миллӣ, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои давлатӣ яке аз самтҳои муҳимтарини фаъолияти сохторҳои давлатӣ ва ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Аъзои гурӯҳи корӣ омодагии худро барои ҳамкории зич, иҷрои саривақтии вазифаҳо ва татбиқи босамари нақшаи чорабиниҳо изҳор намуда, иброз доштанд, ки танҳо тавассути муттаҳидиву ҳамдилӣ метавон ба ҳадафҳои бузурги созандагӣ ва пешрафти Тоҷикистони азиз ноил гардид.