Ҳамватанони гиромӣ! Бо камоли эҳтиром ва самимияти афзун ҳамаи Шуморо ба муносибати фарорасии Иди саиди Фитр табрику таҳният менамоям. Иди саиди Фитр, ки пас аз як моҳи пурбаракати Рамазон – моҳи ибодат, сабру таҳаммул, поксозии нафс ва тақвияти…
Бо камоли эҳтиром ва самимияти афзун ҳамаи Шуморо ба муносибати фарорасии Иди саиди Фитр табрику таҳният менамоям.
Иди саиди Фитр, ки пас аз як моҳи пурбаракати Рамазон – моҳи ибодат, сабру таҳаммул, поксозии нафс ва тақвияти ирода фаро мерасад, рамзи тозагии қалб, таҳкими имон ва арҷгузорӣ ба арзишҳои олии инсонӣ ба шумор меравад. Ин иди муборак моро ба сӯи меҳрубонӣ, саховатмандӣ, бахшиш ва эҳтироми ҳамдигар раҳнамун месозад ва имкон медиҳад, ки ҳар як фарди ҷомеа бо нияти нек, қалби соф ва амали хайр ба зиндагӣ назар афканад.
Дар фарҳанги бостонӣ ва пурғановати миллати тоҷик Иди саиди Фитр ҳамчун ҷашни ҳамдилӣ, ваҳдат ва эҳтироми арзишҳои инсонпарварона ҷойгоҳи хос дорад. Дар ин рӯз мардум бо аёдати хешу табор, дастгирии ятимону ниёзмандон, расонидани кумак ба муҳтоҷон ва таҳкими робитаҳои иҷтимоӣ суннатҳои неки инсониро идома медиҳанд, ки ин ҳама нишонаи ахлоқи баланд ва маърифати волои ҷомеаи мо мебошад.
Имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қадамҳои устувор роҳи рушду пешрафтро пеш гирифта, суботу оромӣ ва ваҳдати миллӣ дар саросари кишвар таҳким ёфта истодааст. Дар чунин шароит масъулияти ҳар як шаҳрванд дар ҳифзи арзишҳои миллӣ, таҳкими ваҳдат, эҳтироми ҳамдигар ва саҳмгузорӣ дар ободии Ватан боз ҳам муҳимтар арзёбӣ мегардад.
Бо истифода аз ин фурсати фараҳбахш ба ҳамаи Шумо сиҳатмандии комил, рӯзгори ободу осуда, саодати зиндагӣ, баракати рӯзгор ва муваффақиятҳои беназирро орзу менамоям. Бигзор сулҳу субот дар Ватани маҳбубамон ҳамеша пойдор бошад ва ҳар як хонадон бо нуру сафо, файзу баракат ва шодиву нишот фаро гирифта шавад.
Бори дигар ҳамаи Шуморо ба муносибати Иди саиди Фитр самимона табрик гуфта, бароятон рӯзгори пурфайзу баракат ва хушбахтӣ орзу менамоям.
Иди саиди Фитр муборак бошад!