Санаи 1 декабри соли 2025 таҳти раёсати Раиси Кумита Шарифҷон Ҷумъазода ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ, Протоколҳои маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, супоришҳои Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазъи иҷро ва таъмини гардиши ҳуҷҷатҳои назоратӣ, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Сардорони раёсатҳо шуъбаҳо аз натиҷаи фаъолият дар ҳафтаи сипаригардида ва иҷрои супоришҳои аз ҷониби Раиси Кумита вазифагузорӣ шуда буд маълумот пешниҳод намуданд. Иҷрои супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 апрели соли 2025, №16/10-46 роҷеъ ба протоколи ҷаласаи машварати назди Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа таъмини низоми электронии гардиши ҳуҷҷатҳо дар воҳидҳои сохтории Кумита ва сафарҳои кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз масъалаҳои муҳим маҳсуб ёфта, барои иҷрои босифати масъалаҳои зикршуда, ба масъулин дастуру супориши мушаххас пешниҳод гардид.