Бо мақсади рафти иҷрои дастуру супоришҳои Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, 3 ноябри соли 2025 таҳти раёсати Раиси Кумита Шарифҷон Ҷумъазода ва бо иштироки сардорони раёсатҳо шуъбаҳо ва бахши Кумита ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа сардори раёсати ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти идоракунии маҳаллӣ, сардори Раёсати банақшагирӣ ва арзёбии барномаҳои рушди маҳал аз натиҷаи фаъолият дар ҳафтаи сипаригардида ва иҷрои супоришҳои аз ҷониби раиси Кумита вазифагузорӣ гардида буд маълумот дод.
Ҳамзамон барои ҷамъбасти баргузории озмуни беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳали аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ дар ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ масъалаҳои зикршуда, ба масъулин дастуру супориши мушаххас пешниҳод гардид.