Дар толори маҷлисгоҳи Кумита чорабинии ҷашнӣ бахшида ба Рӯзи Истиқлоли давлатӣ баргузор гардид.
Чорабиниро Раиси Кумита Шарифҷон Ҷумъазода оғоз бахшида, зикри он дошт, ки Истиқлолияти давлатӣ беҳтарин рўйдоди таърихӣ ва арзишмандтарин дастоварди миллати тоҷик маҳсуб ёфта, барои бунёди пояҳои давлатдорӣ, пешрафти соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, шинохт ва эҳёи арзишҳои миллӣ заминаи боэътимоду устуворро фароҳам овард ва бо шарофати сулҳу субот дар кишвар раванди корњои ободониву бунёдкорӣ вусъат пайдо карда, ба муносибати 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама қаламрави мамлакат иҷрои нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ бо суръат идома дорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи муҳими тайкардаи халқи тоҷикро дар даврони Истиқлолият дар суханрониҳои худ пайваста мавриди таҳлил қарор дода, ҳифзи давлату давлатдорӣ, анъанаҳои аҷдодӣ, ҳуввият ва худшиносии миллӣ, муқаддас доштани забони давлатӣ, рӯ овардан ба нерӯю афкори ҷавонон, бузург доштани анъанаҳои фарҳанги миллӣ ва баланд бардоштани маърифати ҷомеаро аз самтҳои муҳими фаъолият маҳсуб донистанд.
Баъдан Аббос Анӯшервон-сардори раёсати ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти идоракунии маҳаллӣ ва Абдураҳимзода Фурӯз- сардори раёсати банақшагирӣ ва арзёбии барномаҳои рушди маҳал доир ба дастовардҳои замони истиқлол маърӯза намуданд.
Дар идомаи чорабинии ҷашнӣ чор нафар аз кормандони Кумита Муминзод Камолиддин Рамазон – муовини якуми Раиси Кумита, Назаров Анвар Зафарович – муовини сардори раёсати ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти идоракунии маҳаллӣ, Заиров Акмал Аҳмаджонович-муовини сардори раёсати банақшагирӣ ва арзёбии барномаҳои рушди маҳал ва Одинаева Файзимо Саидовна-сармутахассиси шуъбаи умумӣ, кадрҳо ва корҳои махсус бо Ифтихорномаи Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қадршиносӣ шуданд.