Ҳастии ҷавонон дар ҷомеа чун қувваи азими бунёдкор ва ояндабахши миллат маҳсуб ёфта, Ҳукумати мамлакат дар роҳи татбиқи сиёсати ояндасозии ҷавонон, ҷалби онҳо ба таълиму тарбия, дар замири онҳо парвариш намудани эҳсоси худшиносию худогоҳӣ, дӯстдории Ватан, ҷисману руҳан солим ба камол расидан ва тарғиби олитарин ҳадафҳои давлатдорӣ пайваста ғамхорӣ, нақша-чорабинҳои соҳавиро тарҳрезӣ ва дар амал татбиқ менамояд.
Ҷавонон нерӯи пешбарандаи ҷомеаи муосир, ворисони арзандаи давлату миллат, тақдирсози роҳи имрӯзу фардои дурахшони Тоҷикистони азизамон мебошанд.
Дар паёми табрикотии худ бахшида ба Рӯзи ҷавонон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд:
“Шумо – ҷавонони азиз, ки созандагони фардои дурахшони Тоҷикистон ва сутуни боэътимоди давлату миллат ҳастед, ҳисси баланди миллӣ дошта бошед, Ватани маҳбуби худро сидқан дӯст доред, онро содиқона ҳифз намоед ва ифтихор намоед, ки фарзандони яке аз миллатҳои бостонӣ ва соҳибфарҳангу тамаддунсози дунё ҳастед.
Ман ба ақлу заковат, худогоҳиву худшиносӣ, далериву шуҷоат, ғайрату матонат ва неруи зеҳниву ҷисмонии шумо – фарзандони даврони истиқлоли Тоҷикистон эътимоди комил дорам”.
Бо ташаббуси Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Ассосиатсияи футболи Осиёи Марказӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҷониби ҷомеа ҷаҳонӣ ҷашн гирифтани рӯзи 25 май чун Рӯзи ҷаҳонии футбол иқдоми наҷибе дар шинохти мақоми ҷавонон ва нақши онҳо дар таҳкими ғояҳои башардӯстӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ободониву шукуфоии сарзамини азизамон- Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Эътимод бар он дорам, ки Шумо ҷавонони хуштолеи замони соҳибистиқлолии Ватан бо дарки амиқи шаҳрвандӣ арзишҳои маънавӣ, маърифати илмӣ, шоҳкориҳои олии зеҳниву маънавии аҷдодони худро ҳифз ва тақвият бахшида, барои ҷомеа олами мубаррову диданиро бо нигоҳу тафаккур ва андешаи нав эҳдо хоҳед кард.
Бо эътимоди комил ба фардои дурахшони мамлакат ҷ авонони бо-нангу номуси Ватанро бори дигар ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрику муборакбод менамоям. Бахту саодат ва комёбиву пирӯзиҳо ёратон бод!
Бо эҳтиром
Раиси Кумита Шарифҷон Ҷумазода
Ҳастии ҷавонон дар ҷомеа чун қувваи азими бунёдкор ва ояндабахши миллат маҳсуб ёфта, Ҳукумати мамлакат дар роҳи татбиқи сиёсати ояндасозии ҷавонон, ҷалби онҳо ба таълиму тарбия, дар замири онҳо парвариш намудани эҳсоси худшиносию худогоҳӣ, дӯстдории Ватан, ҷисману руҳан солим ба камол расидан ва тарғиби олитарин ҳадафҳои давлатдорӣ пайваста ғамхорӣ, нақша-чорабинҳои соҳавиро тарҳрезӣ ва дар амал татбиқ менамояд.
Ҷавонон нерӯи пешбарандаи ҷомеаи муосир, ворисони арзандаи давлату миллат, тақдирсози роҳи имрӯзу фардои дурахшони Тоҷикистони азизамон мебошанд.
Дар паёми табрикотии худ бахшида ба Рӯзи ҷавонон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд:
“Шумо – ҷавонони азиз, ки созандагони фардои дурахшони Тоҷикистон ва сутуни боэътимоди давлату миллат ҳастед, ҳисси баланди миллӣ дошта бошед, Ватани маҳбуби худро сидқан дӯст доред, онро содиқона ҳифз намоед ва ифтихор намоед, ки фарзандони яке аз миллатҳои бостонӣ ва соҳибфарҳангу тамаддунсози дунё ҳастед.
Ман ба ақлу заковат, худогоҳиву худшиносӣ, далериву шуҷоат, ғайрату матонат ва неруи зеҳниву ҷисмонии шумо – фарзандони даврони истиқлоли Тоҷикистон эътимоди комил дорам”.
Бо ташаббуси Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Ассосиатсияи футболи Осиёи Марказӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҷониби ҷомеа ҷаҳонӣ ҷашн гирифтани рӯзи 25 май чун Рӯзи ҷаҳонии футбол иқдоми наҷибе дар шинохти мақоми ҷавонон ва нақши онҳо дар таҳкими ғояҳои башардӯстӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ободониву шукуфоии сарзамини азизамон- Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Эътимод бар он дорам, ки Шумо ҷавонони хуштолеи замони соҳибистиқлолии Ватан бо дарки амиқи шаҳрвандӣ арзишҳои маънавӣ, маърифати илмӣ, шоҳкориҳои олии зеҳниву маънавии аҷдодони худро ҳифз ва тақвият бахшида, барои ҷомеа олами мубаррову диданиро бо нигоҳу тафаккур ва андешаи нав эҳдо хоҳед кард.
Бо эътимоди комил ба фардои дурахшони мамлакат ҷавонони бо-нангу номуси Ватанро бори дигар ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрику муборакбод менамоям. Бахту саодат ва комёбиву пирӯзиҳо ёратон бод!
Бо эҳтиром
Раиси Кумита Шарифҷон Ҷумазода