Ба муносибати таҷлили Рӯзи Модар, дар Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Дар ҳамоиши идона роҳбарият ва кормандони Кумита ширкат намуда, мақому манзалати занону модаронро ҳамчун сарчашмаи меҳру муҳаббат, тарбиятгари насли солим ва нерӯи пешбарандаи ҷомеа арҷгузорӣ карданд.
Дар оғози чорабинӣ таъкид гардид, ки дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баланд бардоштани мақому манзалати занон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти онҳо яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба шумор меравад.
Зимни суханрониҳо зикр гардид, ки занону модарон дар рушди ҷомеа, таҳкими арзишҳои оилавӣ ва тарбияи насли ватандӯст нақши бениҳоят муҳим доранд.
Махсусан, саҳми занони фаъол дар фаъолияти мақомоти давлатӣ, аз ҷумла дар Кумитаи рушди маҳал, қобили қадрдонист.
Дар анҷоми чорабинӣ ба занону модарони фаъол изҳори сипосу миннатдорӣ баён гардида, ба онҳо саломатии бардавом, саодати хонаводагӣ ва комёбиҳои нав дар фаъолияти меҳнатӣ таманно карда шуд.
Чорабинӣ дар фазои гарму самимӣ ва идона ҷамъбаст гардид.