Имрӯз дар асоси нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷиҳати иҷрои «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030» бо мақсади баланд бардоштани масъулият ва ташаккули зеҳнӣ, донишҳои сиёсӣ, малака ва истеъдод сардорони раёсат, мудирони шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ курси омӯзишии «Мактаби сарварӣ» -ро ташкил намудааст, сардорони раёсат, мудирони шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оила аз саросари кишвар аз бинои нави Парлумон боздид ба амал оварданд.
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ бо ҳайати меҳмонон вохӯрӣ намуда, доир ба таърих, дастовардҳо ва самтҳои асосии фаъолияти Маҷлиси намояндагон ба ҳозирин маълумоти ҷолиб манзур намуд.
Шиносоӣ бо тартиби кори Маҷлиси намояндагон ва тамошои нақшу нигори бинои Парлумон, боздид аз дафтарҳои кории вакилон ва кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ба сардорони раёсат, мудирони шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳаловати тоза бахшид.