5 октябри соли 2026, дар шаҳри Арушаи Ҷумҳурии Муттаҳидаи Танзания, дар ҳошияи 153-юмин Ассамблеяи Иттиҳоди Байнипарламентӣ, ҳайати Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як қатор чорабиниҳои байнипарламентӣ иштирок намуд.
Ба ҳайати Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Мунира Бобохон – раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон, Восифҷонзода Рухшона Восифҷон – узви Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ ва Шоҳмурод Рустам – раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон шомил мебошанд.
Дар доираи барномаи чорабиниҳо ҷаласаи ҳамоҳангсозии Ассамблеяи Парламентии Осиё баргузор гардид. Дар ҷаласа масъалаҳои мубрами фаъолияти Ассамблея, тақвияти ҳамоҳангсозии робитаҳо миёни парламентҳои кишварҳои аъзо ва роҳҳои густариши ҳамкории байнипарламентӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Иштирокдорон ҳамчунин оид ба нақши ҳамкории байнипарламентӣ дар ҳалли масъалаҳои дорои аҳаммияти минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор намуда, самтҳои минбаъдаи фаъолияти Ассамблеяро баррасӣ карданд.
Дар идомаи ҷаласа гузориши ҳайати Непал оид ба оқибатҳои офати табиии ахир дар ин кишвар шунида шуда, масъалаҳои фаврии пешниҳодшуда ба рӯзномаи корӣ ва дигар масъалаҳои ҷории фаъолияти Ассамблея мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Ҳамзамон, ҳайати Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи машваратии гурӯҳи Иттиҳоди парламентии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Исломӣ иштирок намуд.
Зимни ҷаласа масъалаҳои марбут ба фаъолияти гурӯҳ дар доираи 153-юмин Ассамблеяи Иттиҳоди Байнипарламентӣ, инчунин самтҳои минбаъдаи рушди ҳамкории байнипарламентӣ баррасӣ шуданд. Иштирокдорон оид ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштараки кишварҳои аъзои гурӯҳ табодули назар намуда, вобаста ба ташаккули мавқеи ҳамоҳангшуда оид ба масъалаҳои рӯзномаи Ассамблея мубодилаи афкор анҷом доданд.
Иштироки ҳайати Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабиниҳои мазкур қадами муҳим дар самти таҳкими муколамаи байнипарламентӣ, густариши робитаҳо бо парламентҳои кишварҳои шарик ва рушди ҳамкории бисёрҷониба дар доираи Ассамблеяи Парламентии Осиё, Иттиҳоди парламентии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Исломӣ ва Иттиҳоди Байнипарламентӣ ба ҳисоб меравад.
Чорабиниҳои 153-юмин Ассамблеяи Иттиҳоди Байнипарламентӣ дар шаҳри Аруша то 9 октябри соли 2026 идома хоҳанд ёфт.