Дар шаҳри Хуҷанд Конференсияи илмӣ-амалӣ доир шуд
25 сентябри соли 2026 дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд Конференсияи илмӣ-амалӣ бахшида ба 90-солагии иштирокчии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои техникӣ, дотсент Бойпочо Фатҳиддинов дар мавзуи «Саҳми Бойпочо Фатҳиддинов дар рушди нақлиёти автомобилӣ ва тайёр кардани мутахассисон» баргузор гардид, ки дар он вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидӣ Дилафрӯз иштирок намуда, паёми табрикиро аз номи Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба самъи иштирокчиён ва аҳли илми донишкада расонид.
Саидӣ Дилафрӯз ҳозиринро бо 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, саҳми арзанда ва таърихии Бойпочо Фатҳиддиновро дар рушди соҳаи нақлиёти автомобилӣ ва тарбияи мутахассисони ҷавон таъкид кард.