Бо даъвати Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони халқии Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷиҳати иштирок дар семинар барои вакилони парламентҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ аз 21 то 25 июни соли 2026 ҳайати парламентии зерини Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: Маҳмудзода Насрулло - раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, Ҳакимзода Шариф - муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, Қиёмзода Зарафо - аъзои Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин ва Сафарзода Файзалӣ - мудири шуъбаи кадрҳо ва коргузории махсуси Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар намуданд.
Дар семинар масъалаҳои тақвияти мубодилаи таҷриба дар бахши идоракунии давлатӣ ва мусоидат ба навсозии ҳамаҷониба тавассути рушди баландсифат, тақвияти ҳамкориҳои гуманитарӣ ва мусоидат ба омӯзиши мутақобилаи тамаддунҳо ва таҳкими ҳамдигарфаҳмии миёни мардумон ва ғайра мавриди баррасӣ қарор мегиранд.