Имрӯз дар Маҷлиси наояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Азиз Гиёзода мизи мудаввар дар мавзуи «Кодификатсияи санадҳои ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи муҳити зист» баргузор гардид.
Азиз Гиёзода зикр кард, ки таҳия ва қабули қонуни сифатан нави пешрафта дар соҳаи ҳифзи муҳити зист дар шакли Кодекси экологӣ марҳилаи нав дар мураттабсозии қонунгузории экологӣ тақозои замон буда, он ба сафарбар кардани қувва ва воситаҳои зеҳнӣ, ҷамъиятӣ, илмӣ ва касбӣ ниёз дорад.
Гуфта шуд, ки таҷдиди назар ба қонунгузории соҳаи экологӣ имрӯз ногузир буда, амалишавии ҳарчи зудтари он барои пешрафти иқтисодиёти кишвар ва мустаҳкамгардии сиёсати ҳифзи муҳити зисти кишвар аҳаммияти калон дорад. Бинобар ин, сиёсати пешгирифтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин масъала равона шудааст. Ин аст, ки дар сатҳи ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегии мамлакат (консепсия, стратегия ва барнома) баҳри танзими муфассали муносибатҳо дар соҳаи ҳифзи муҳити зист масъалаи таҳия ва қабули Кодекси экологӣ бевосита пешбинӣ гардидааст.
Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Латифзода Рустам моҳияти Кодекси экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зарурати қабули онро шарҳ дод. Судяи Суди Конститутсионӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон Соҳибзода Муҳаммадҷон доир ба масъалаҳои мубрами кодификатсияи қонунгузории экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфт.
Дар мизи мудаввар, инчунин, муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурзода Исфандиёр, Раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирзода Ориф оид ба моҳияти кодификатсияи санадҳои ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҳифзи муҳити зист ба ҳозирин маълумот манзур намуданд.
Такмили Кодекси экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дарёфти имкониятҳо ҷиҳати татбиқи сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, ки омили муҳимми суботи иқтисодию иҷтимоӣ ва беҳдошти экосистемаҳои беназири табиии Ватани азизамон мебошанд, асос мешаванд.