05.05.26 Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ ва ҳайати ҳамроҳонаш бо муовини дабири кулли Гурӯҳи байниидоравӣ оид ба ҳифзи занон аз зӯроварӣ ва мубориза бар зидди қочоқи инсон (MIPROF) хонум Клэр Мантел мулоқот анҷом доданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистону Фаронса дар самтҳои ҳифзи занон аз зӯроварӣ, мубориза бо қочоқи инсон ва пешбурди баробарии гендериро баррасӣ намуданд.
Аҳамияти махсус ба табодули таҷриба дар таҳия ва татбиқи сиёсати давлатӣ ва механизмҳои пешгирии зӯроварӣ ва дастгирии қурбониён зоҳир гардид.