Дар ҳошияи ҷаласаи 152-юми Иттиҳоди байнипарламентӣ дар шаҳри Истамбули Ҷумҳурии Туркия ҷаласаи ҳамоҳангсозии Ассамблеяи парламентии Осиё баргузор гардид, ки дар он вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиззода Ғайрат иштирок ва суханронӣ намуд.
Дар ҷаласа масъалаҳои муҳимми рӯзномаи Ассамблея, аз ҷумла таҳкими ҳамоҳангии байнипарламентӣ, густариши ҳамкориҳо дар минтақаи Осиё ва ташаккули мавқеи ягонаи кишварҳои аъзо дар сатҳи парлумонии байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Зимни суханронӣ Азиззода Ғайрат аҳаммияти густариши ҳамкориҳои байнипарламентӣ ва нақши калидии Ассамблеяи парламентии Осиёро дар таҳкими ҳамгироии минтақавӣ, таҳкими эътимод ва рушди муколамаи созанда байни кишварҳои аъзо таъкид намуд. Ҳамзамон, изҳор гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори тақвияти ҳамкориҳои бисёрҷониба ва истифодаи самараноки минбарҳои парлумонӣ барои пешбурди рӯзномаи умумии минтақавӣ мебошад.
Қайд гардид, ки дар соли 2026 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал раёсати Кумитаи Ассамблеяи парламентии Осиё оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангиро ба уҳда гирифтааст. Ин иқдом ҳамчун марҳилаи муҳимми таҳкими мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми ҳамкориҳои парламентии минтақавӣ ва саҳми фаъолона дар пешбурди ташаббусҳои соҳавӣ арзёбӣ гардид.
Таъкид карда шуд, ки фаъолияти Кумитаи мазкур ба пешбурди масъалаҳои муҳимми иҷтимоӣ, маориф, фарҳанг ва ҳифзи арзишҳои инсонӣ равона гардида, ба таҳкими сулҳ, субот ва рушди устувор дар минтақа мусоидат хоҳад намуд. Дар ин замина, ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои амалии байни кишварҳои аъзо ва табодули таҷрибаи пешқадам иброз доштанд.