Имрӯз дар толори маҷлисҳои Муассисаи таълимии давлатии "Мактаби Президентӣ барои кӯдакони болаёқат дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон" вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” вохӯрии Гулзода Маҳмадшоҳ - вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот бо фаъолону интихобкунандагони ноҳияи Данғара баргузор гардид.
Гулзода Маҳмадшоҳ доир ба рушди иқтисодиёт, молия, саноат, нақлиёт, хизмати маишӣ, соҳибкорӣ, кишоварзӣ, маориф ва илм, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоӣ, тандурустӣ, занон ва мавқеи онҳо дар низоми давлатдорӣ ва дигар соҳаҳои муҳимми дар Паём ироашуда, ки бевосита ба таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар равона шудааст, суханронӣ намуд.
Зикр гардид, ки қабули қатъномаҳо доир ба “Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳӣ”, “Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ”, ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидани ёдгориҳои мероси фарҳангии Хутали қадим ва қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси эълон кардани соли 2027 ҳамчун “Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ” яке аз дастовардҳои асосии кишвар дар сатҳи байналмилалӣ буда, имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаҳон ҳамчун кишвари ташаббускор оид ба масъалаҳои мубрами глобалии сайёра шинохта шудааст.
Инчунин, гуфта шуд, ки дар робита ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2026 – “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” ба ифтихори ин ҷашни муқаддас ва бузурги миллӣ эълон карда шавад.
Мардуми шарафманди ноҳияи Данғара сарҷамъона ва аҳлона меҳнат намуда, минбаъд низ дар рушду пешрафт, ободии ноҳия ва кишвар саҳми арзанда хоҳанд гузошт.