Мазмуну муҳтаво ва нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олӣ дар Кохи Лоиқи шаҳри Панҷакент вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Миршакар Ҷалолзода бо интихобкунандагон шарҳу тавзеҳ намуд.
Таъкид шуд, ки дар ин ҳуҷҷати раҳнамои рушди кишвар вазъи кунунии иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсии ҷомеа таҳлил шуда, самтҳои пешбурди он бо назардошти имконияту захираҳо муайян карда шуданд. Ҳамчунин, дар Паём ба таъмини рушди саноат, энергетика кишоварзӣ, соҳаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи муҳити зист дар доираи ташаббусҳои ҷаҳонии роҳбарияти олии кишвар таваҷҷуҳи хоса зоҳир шуда, изҳор гардид, ки ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи ҳифзи иҷтимоии кормандони соҳаҳои буҷетӣ, нафақагирон, таҳкими маърифати ҳуқуқии ҷомеа андешидани тадбирҳои муҳим пешбинӣ шудааст.
Интихобкунандагон дар фарҷоми мулоқот ба вакили мардумӣ саволу дархостҳои худро пешниҳод намуда, ҷавобҳои саҳеҳ гирифтанд.