Имрӯз дар идомаи вохӯриву мулоқотҳои вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Сомонӣ №8, раиси Кумита оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолзода Илҳом бо интихобкунандагон дар деҳоти Султонободи ноҳияи Рўдакӣ мулоқот анҷом дод.
Камолзода Илҳом нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 16-уми декабри соли 2025 ироа гардида буд, ба ҳозирин шарҳу тавзеҳ дода, ҷиҳати иҷрои саривақтиву босифати дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат, ки аз Паёми навбатиашон бармеоянд ва дигар масъалаҳои марбут ба беҳсозии шароити зисти аҳолӣ суҳбатҳои самимиву судманд барпо шуд.
Иштирокдорони мулоқот низ бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи сартосарии кишвар, роҳбарии оқилонаву хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат омодагии хешро дар мавриди татбиқи амалии ҳадафҳои стратегии мамлакат ва дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ ва мардуми шарифи Тоҷикистон бармеоянд, изҳор дошта, ба саволу дархостҳояшон ҷавобҳои дақиқ гирифтанд.