Имрӯз муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён, Раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати Дастур ва ташкили кор Шуҳрат Ғанизода ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарзона Хоҷазода дар шаҳри Ваҳдат бо интихобкунандагон доир ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 16 декабри соли 2025 вохӯрӣ доир намуданд.
Зимни вохӯрӣ нуқтаҳои асосии Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ, аз ҷумла таҳлили 10 соли охири рушди иқтисодии кишвар, иҷрои ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ, таъмин намудани заминаҳои ҳуқуқии гузаштан ба иқтисоди рақамӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ, таъмини ҳадафҳои стратегии миллӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум зиёд гардидани музди маош, стипендияҳо, нафақа ва ҳадди ақали музди меҳнат, таҳия ва қабули як қатор қонунҳои нав, аз қабили қонун дар бораи сиёсати аграрӣ, дар бораи бостоншиносӣ ва дигар санадҳои қонунгузорӣ, вазифаҳо дар самтҳои маориф, фарҳанг, тандурустӣ, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, ҷавонон ва занону бонувон, сиёсати хориҷӣ ва дигар масъалаҳо мавриди шарҳу баррасӣ қарор гирифтанд.
Маълум гардид, ки сокинони шаҳр Паёми ироагардида ва роҳи пешгирифтаи давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати Ҳукумати мамлакатро пурра ҷонибдорӣ карда, дар тадриҷан амалӣ гаштани онҳо дар маҳалҳо мусоидат карда истодаанд.
Дар натиҷаи заҳмату талошҳои аҳлонаю ватандӯстонаи сокинони бонангу номуси шаҳри Ваҳдат корҳои созандагию бунёдкорӣ бо маром идома дошта, симои кучаю хиёбонҳо ва маҳаллаҳо зебо ва сатҳи некуаҳволии мардум беҳтар гашта истодааст.
Дар фарҷоми вохӯрӣ интихобкунандагон ба вакилон саволу дархостҳои худро пешниҳод намуда, ҷавобҳои саҳеҳу қонеъкунанда гирифтанд.