Дар ҳошияи вохӯрии сеюми Раисони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея дар мавзуи «Ҳамкорӣ ба хотири шаъну шарафи инсон, адолати иҷтимоӣ ва ҳифзи муҳити зист», ки дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид, Гиёзода Азиз - муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Корея У Вон Сик мулоқот намуд.
Гиёзода Азиз зикр кард, ки ҳамкориҳои байнипарлумонӣ унсури муҳимми муносибатҳои Тоҷикистону Корея мебошад. Робитаҳои дӯстона миёни Маҷлиси намояндагон ва Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Корея ба амиқ гардидани муколамаи сиёсӣ, табодули таҷрибаи қонунгузорӣ ва ташаккули муҳити мусоиди ҳуқуқӣ барои рушди ҳамкории дуҷониба мусоидат менамоянд.
Тоҷикистон ба рушди ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Корея дар соҳаҳои инноватсия, табдили рақамӣ, иқтисоди сабз, ҳифзи муҳити зист ва рушди устувор аҳаммияти калон медиҳад. Мо бар он боварем, ки парлумонҳо метавонанд дар дастгирии лоиҳаҳои муштарак, ҳамроҳии қонунгузории ташаббусҳо, инчунин дар густариши мубодилаҳои гуманитарӣ ва таълимӣ нақши калидӣ бозанд.
Дар фарҷом, мехоҳам омодагии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои идомаи рушди муколамаи байнипарлумонӣ бо Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Корея бар пояи эҳтироми мутақобил, эътимод ва шарикии судманд бори дигар таъкид намоям,- изҳор намуд Гиёзода Азиз.