Имрӯз дар Маҷлиси намояндагон таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Гиёзода Азиз мизи мудаввар дар мавзуи «Парламент ва рушди инноватсия: заминаҳои қонунгузории гузариш ба иқтисоди рақамӣ» дар асоси нақшаи кори Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия ва дар доираи татбиқи «Стратегияи рушди инноватсия ва иқтисоди рақамӣ барои солҳои 2025–2030» баргузор гардид.
Дар мизи мудаввар вакилони Маҷлиси намояндагон, намояндаҳои вазорату идораҳо, бахши хусусӣ, муассисаҳои илмӣ ва воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Гиёзода Азиз таъкид кард, ки иқтисоди рақамӣ имрӯз ба унсури муҳимми рушди иҷтимоиву иқтисодӣ табдил ёфта, то соли 2030 саҳми технологияҳои рақамӣ дар иқтисоди ҷаҳонӣ беш аз 60 дарсад хоҳад шуд. Ӯ зарурати такмили қонунгузорӣ, таҳкими инфрасохтори рақамӣ, омодасозии кадрҳои баландихтисос ва ҷалби сармояи навро ҳамчун вазифаҳои аввалиндараҷа арзёбӣ намуд.
Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Шерализода Муҳамадулло нақши парламентро дар ташаккули муҳити мусоид барои инноватсия ва рақамикунонӣ муҳим хонд. Ӯ таъкид намуд, ки гузариш ба иқтисоди рақамӣ танҳо ворид намудани технологияҳо нест, балки талаб менамояд, ки меъёрҳои ҳуқуқӣ ва инфрасохтори техникӣ ба таври ҳамоҳанг рушд ёбанд.
Вакили Маҷлиси намояндагон Саидӣ Дилафрӯз, Ноиби Президенти Академияи миллии илмҳо Амонзода Илҳом, Муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдо Солеҳзода Ашурбой ва Муовини директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ Бодуршозода Мералӣ дар назди ҳозирин бо маърузаву гузоришҳо баромад намуданд.
Доир ба натиҷаҳои мизи мудаввар тавсияҳои дахлдор қабул карда шуд.