Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид.
Дар ҷаласаи Шуро лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини ченаки ягона», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон», Оид ба баргардондани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи паркҳои технологӣ», Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи таъсиси парки саноатӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, Созишнома оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳои №1 ба Созишномаи қарзӣ аз 14 апрели соли 2021 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Таъминоти гармӣ дар шаҳри Душанбе», Дар бораи медали ҷашнии 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, барои дар иҷлосияҳои навбатӣ баррасӣ намудан муҳлат муқаррар гардид. Инчунин, масъалаҳо Дар бораи сафари ҳайати парламентии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Тошканд, Дар бораи сафари ҳайати парламентии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Давҳа, Дар бораи даъват кардани ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум ва лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум» пешниҳод гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Масъалаҳои дигари корӣ низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.