20.11. 2025 Бибиосия Аюбӣ- вакили Маҷлиси намояндагон, котиби Кумита оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ дар шаҳри Санкт Петербург дар ҷаласаи навбатии гурӯҳи кории Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба таҳияи Фарҳанги истилоҳот ва мафҳумҳое, ки дар таҳияи санадҳои қонунгузории соҳаи сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ истифода мешаванд, иштирок ва суханронӣ намуд.
Дар ҷаласаи Гурӯҳи корӣ лоиҳаи Фарҳанги истилоҳот ва мафҳумҳое, ки дар таҳияи санадҳои қонунгузории соҳаи сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ истифода мешаванд дар таҳрири нав мавриди муҳокима қарор дода шуд. Аъзои гурӯҳи корӣ барои такмили шарҳи истилоҳоту мафҳумҳои соҳаи сохтори давлатӣ ва худидораи маҳаллӣ бо дарназардошти муқаррарароти санадҳои қолабии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва қонунгузории миллии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил пешниҳодҳои худро манзур намуданд. Дар ҷаласа, аз ҷумла истилоҳоте, ки дар заминаи мафҳумҳои “маҳаллӣ” ва “мунисипалӣ” сохта шудаанд, мавриди муҳокима қарор гирифтанд.