Имрӯз дар Душанбе ҷаласаи 59-уми пленарии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор шуд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои 13-14 ноябр роҳбарони парламентҳо ва роҳбарони ҳайатҳои парламентии кишварҳои иштирокчии Ассамблеяи Байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар кишварамон бо сафари корӣ ҳузур доранд.
Нахуст, меҳмонон дар зери пояи асосгузори нахустин давлати тоҷикон – шоҳ Исмоили Сомонӣ гулу гулчанбар гузошта, ба арзишҳои бузурги миллию таърихии миллати бостонии тоҷик эҳтиром ба ҷо оварданд.
Дар ҷаласа роҳбарони парламентҳо ва ҳайатҳои парламентҳои давлатҳои иштирокдори Ассамблеяи Байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил – Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон, Беларус, Озарбойҷон, Арманистон, Қирғизистон ва Туркманистон иштирок намуданд.
Рушди ҳамкории байнипарламентӣ ва таҳкими муколамаи созанда дар фазои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил муҳим арзёбӣ гардид.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки ҷаласаи имрӯза низ қадами муҳимме дар роҳи таҳкими ҳамкории байнипарламентӣ гардида, натиҷаҳои мушаххас ба бор хоҳад овард.