Имрӯз вохӯрии Роҳбари Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байнипарламентии Маҷлиси намояндагон бо Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Аҳмадзода Бахтиёр бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Саид Сарвар баргузор гардид.
Гуфта шуд, ки Ҷумҳурии Исломии Покистон ҳанӯз 6 июни соли 1992 бо Тоҷикистон робитаҳои дипломатӣ барқарор намуда, давоми 33 соли охир бо ташаббуси роҳбарияти олии кишварҳоямон аз дараҷаи муқаррарии ҳамкорӣ то ба дараҷаи стратегӣ расиданд, ки боиси қаноатмандӣ аст.
Робитаҳои стратегии Тоҷикистон ва Покистон аз пайвандҳои маънавию таърихии ду мардуми дӯст, инчунин аз муносибатҳои бародаронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф маншаъ мегирад.
Муносибати стратегӣ миёни ду кишвари дӯст дар асоси ҳамдигарфаҳмӣ ва бо дарназардошти манфиатҳои тарафайн густариш ёфта истодаанд.
Қайд гардид, ки табодули таҷрибаи вакилони ҳарду кишвар ба нафъи тарафҳо буда, барои расидан ба ҳадафҳои стратегии тарафҳо, бахусус пешрафти фаъолияти қонунгузорӣ метавонад мусоидат намояд.
Зикр шуд, ки байни Тоҷикистон ва Покистон 96 ҳуҷҷати ҳамкорӣ ба тасвиб расидааст, ки гувоҳи устувор гардидани ҳамкориҳо мебошад.
Барои пешбурди судманд ва мушаххас гардонидани муносибатҳои ду кишвар чӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат ва чӣ дар бахшҳои мухталифи иҷтимоиёт имкониятҳои фаровони то ҳол истифоданашудаи умедбахш зиёданд.
Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байнипарламентии Маҷлиси намояндагон ба густариши устувори ҳамкорӣ бо гурӯҳи дӯстии Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Исломии Покистон манфиатдор буда, муколама, мубодилаи сафарҳои расмии ҳайати гурӯҳҳои дустӣ ва ҳамкории байнипарлумониро ба роҳ монда, ҷиҳати ба пешравиҳо ноил гардидан, талошҳои муштаракро ба харҷ хоҳад дод.