Имрӯз ҷаласаи ғайринавбатии Кумитаҳои доимии Ассамблеяи парлумонии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ба таври маҷозӣ баргузор гардид, ки дар он аз ҷумла, Насрулло Маҳмудзода – Раиси Кумита оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, Рустам Шоҳмурод - Раиси Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, Нилуфар Имомзода- муовини Раиси Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, Сурайё Дӯсмуродзода- муовини Раиси Кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот, Дилноза Аҳмадова- муовини Раиси Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон ва Шуҳрат Ганизода - Раиси Комиссия оид ба назорати дастур ва ташкили кори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар ҷаласа лоиҳаи барномаи фаъолияти Ассамблеяи Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) оид ба наздик ва ҳамоҳанг сохтани қонунгузории миллии давлатҳои аъзои СААД барои солҳои 2026–2030 ва лоиҳаи Баёнияи Ассамблеяи парлумонии СААД «Дар бораи таъмини амнияти байналмилалӣ дар шароити ташаккули ҷаҳони бисёрқутбӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифт, ки ҳадафи асосӣ таҳкими ҳамкории байнипарлумонии кишварҳои узви Созмон барои таҳкими принсипҳои амнияти дастаҷамъӣ, сулҳ ва субот мебошад.
Ҳайати парлумонии Тоҷикистон зарурати таҳкими талошҳои муштараки давлатҳои узвро ҷиҳати муқовимат бо таҳдидҳои муосир, аз ҷумла терроризми байналмилалӣ, экстремизм ва ҷинояткории фаромилӣ таъкид намуда, нақши дипломатиияи парлумониро ҳамчун василаи муфиди муколама ва эътимод арзёбӣ кард.
Кумитаҳои доимии Ассамблеяи парлумонии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ҳайати парлумонӣ ва халқи Тоҷикистонро ба муносибати 31-солагии Конститутсияи кишвар табрик намуданд.