Имрӯз дар Китобхонаи миллӣ ҳамоиши тантанавӣ бахшида ба 30 -солагии ҳамкориҳои Хазинаи нуфуси Созмони Милали Муттаҳид (ЮНФПА ) ва Тоҷикистон зери унвони «Дастовардҳо ва мушкилиҳо дар татбиқи Барномаи амали Конфронси Байналмилалӣ оид ба Аҳолӣ ва Рушд (КБАР) ва дурнамо дар доираи Барномаи нави миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030» баргузор гардид, ки дар он Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муинӣ Мавсума иштирок ва суханронӣ намуд.
Муинӣ Мавсума зикр намуд, ки Тоҷикистон бо шарофати сиёсати хирадмандонаву дурнигаронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он дар Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали истиқлолият аҳаммияти хоса дода, онро ҳамчун шарики боэътимоди байналмилалии худ медонад.
Дар доираи сиёсати “Дарҳои кушод”-и Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат бо ин ниҳоди бонуфуз ҳамкории густурда дошта, пайваста ҷиҳати амалинамоии Ҳадафҳои Рушди Устувор тадбирҳои муассирро рӯи кор меоварад.
Чорабинии имрӯза бешубҳа тавсеаи ҳамкорӣ, шарокат ва татбиқи самараи 30 солаи барномаи амали Конфронси байналмилалӣ оид ба аҳолӣ ва рушд ба шумор меравад. Ҳадафи чорабинӣ низ, қабл аз ҳама, муттаҳид сохтани талошҳои ҷонибҳо барои муваффақ ва натиҷабахш гардонидани ташаббусҳои мо мебошад.
Мо соли гузашта сӣ солагии Барномаи амали Конфронси байналмиллалӣ оид ба аҳолӣ ва рушдро ҷашн гирифтем ва метавонем онро ҳамчун як ҳуҷҷати заминагузор ва воқеан муҳим дар таърихи ҳуқуқи башар барои ноил шудан ба рушди фарогир, баробарии гендерӣ ва тавонмандсозии занон, коҳиши сатҳи камбизоатӣ, рушди бахшҳои тандурустӣ, маориф ва муҳити зист унвон намоем, -иброз дошт М. Муинӣ.
Уҳдадориҳои вакилони парламент ҳамчун пул байни мардум ва ҳукумат дар эҷоди муҳити мусоид барои суръат бахшидан ба татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор оид ба беҳтар намудани баробарии гендерӣ, тавонмандсозии занон ва пешгирии зӯроварӣ дар оила муҳим арзёбӣ шуд.
Барои таъмини баробарии имкониятҳо ва коҳишдиҳии сатҳи нобаробарии иҷтимоӣ ва гендерӣ ва пешгирии ҳама гуна шаклҳои зӯроварӣ нисбат ба занону духтарон Шурои миллӣ оид ба аҳолӣ ва рушд таъсис дода шудааст, ки намояндагони парламент, ҳукумат ва ҷомеаи шаҳрвандиро барои таҳия ва татбиқи санадҳои қонунгузорӣ ба ҳам муттаҳид менамояд.
Шурои мазкур дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва маҳаллӣ амал намуда, дар самти такмилдиҳии сиёсати таъмини баробарии гендерии воқеӣ дар асоси қонунҳои ҷорӣ ва Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 фаъолияти босамар мебарад.
То соли 2030 аҳолии Тоҷикистон бемайлон афзоиш ёфта, ба 11,5 млн. нафар хоҳад расид, ки аксари онҳо ҷавон ва ё аҳолии синни қобили меҳнатро ташкил хоҳанд дод. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрасии ҳамагон ба хизматрасониҳои саломатии репродуктивӣ, баланд бардоштани фарҳанги рафтори репродуктивӣ ва омӯзиши тарзи ҳаёти солимро кафолат медиҳад.
Нақши Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди аҳолӣ пеш аз ҳама дар ташаккули қонунгузории ҷавобгӯ ба талаботи замон ифода меёбад.
Мо минбаъд низ ҳавасмандии худро барои амалӣ шудани Барномаи амали Хазинаи нуфуси СММ баён намуда, иброз менамоем, ки татбиқи он барои бартараф кардани нобаробарӣ дар соҳаи иҷтимоиву иқтисодӣ, таъмини саломатӣ ва ҳуқуқҳои занон ва духтарон, аз ҷумла ҳуқуқ ба саломатии ҷинсӣ ва репродуктивӣ, инчунин, баробарии гендерӣ ва таъмини рушди устувор мусоидат хоҳад кард. Итминони комил дорам, ки талошҳои якҷояи мо дар ин самт самараи дилхоҳ хоҳанд дод, - гуфт дар интиҳо М. Муинӣ.
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муинӣ Мавсума барои ҳамкориҳои судманд, баланд бардоштани нақш ва мақоми занон ва пешбурди баробарии гендерӣ бо Сипосномаи Хазинаи нуфуси Созмони Милали Муттаҳид мукофотонида шуд.