Варзишгарони Муассисаи давлатии мактаби варзишии шаҳри Левакант дар Чемпионати Осиё аз намуди варзиши ушу санда иштироки фаъол намуда, бо натиҷаҳои назаррас шарафи шаҳр ва кишварро ҳифз карданд. Дар мусобиқаи мазкур варзишгарони ҷавони Левакант…
Варзишгарони Муассисаи давлатии мактаби варзишии шаҳри Левакант дар Чемпионати Осиё аз намуди варзиши ушу санда иштироки фаъол намуда, бо натиҷаҳои назаррас шарафи шаҳр ва кишварро ҳифз карданд.
Дар мусобиқаи мазкур варзишгарони ҷавони Левакант тавонистанд 18 медал ба даст оваранд, ки аз ин шумора 3 медали тилло, 1 медали нуқра ва 14 медали биринҷӣ мебошад. Ин дастоварди назаррас маҳсули омодагии ҷиддӣ, машқу тамрини пайваста ва заҳмати мураббиёни соҳибтаҷриба арзёбӣ мегардад.
Қаҳрамонони мусобиқа бо маҳорати баланди варзишӣ, иродаи қавӣ ва руҳияи ғолибият миёни беҳтарин варзишгарони минтақа мақоми шоиста касб намуда, Парчами Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштанд.
Масъулини соҳаи варзиш иброз доштанд, ки чунин муваффақиятҳо барои ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим заминаи мусоид фароҳам меорад.
Ёдовар мешавем, ки Муассисаи давлатии мактаби варзишии шаҳри Левакант солҳои охир дар тарбияи варзишгарони боистеъдод саҳми назаррас гузошта, пайваста дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ба натиҷаҳои баланд ноил мегардад.