7-уми май, дар шаҳри Левакант тибқи нақшаи тасдиқгардида бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои ғарқшавӣ ва дигар ҳолатҳои фавқулода чорабинии иттилоотию фаҳмондадиҳӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур сардори бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи…
7-уми май, дар шаҳри Левакант тибқи нақшаи тасдиқгардида бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои ғарқшавӣ ва дигар ҳолатҳои фавқулода чорабинии иттилоотию фаҳмондадиҳӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур сардори бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Левакант Холиқов Манучеҳр, намояндаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон капитан Камолов Шаҳбоз, афсари маркази таълимӣ капитан Тулқунова Унсиной ва афсари калони бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Левакант лейтенант Саидзода Фатҳиддин иштирок намуданд.
Зимни баргузории чорабинӣ масъулин дар кӯчаҳои марказӣ ва бозори марказии шаҳр бо сокинон, наврасону ҷавонон суҳбату вохӯриҳо анҷом дода, оид ба риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми оббозӣ, пешгирии ғарқшавӣ, эҳтиёткорӣ дар назди обанборҳо ва амалҳои зарурӣ ҳангоми рух додани ҳолатҳои фавқулода маълумот пешниҳод карданд.
Ҳамчунин ба шаҳрвандон таъкид карда шуд, ки дар фасли гармо кӯдаконро бе назорат дар назди соҳилу каналҳо нагузоранд ва ҳангоми истироҳат дар назди об қоидаҳои бехатариро қатъиян риоя намоянд. Ба иштирокчиён варақаҳои иттилоотӣ низ тақсим карда шуданд.
Масъулини бахши ҳолатҳои фавқулода чунин чорабиниҳоро барои баланд бардоштани маърифати аҳолӣ ва коҳиш додани хатари ҳодисаҳои нохуш муҳим арзёбӣ намуда, изҳор доштанд, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ минбаъд низ идома хоҳанд ёфт.