7-уми май, дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 15-и шаҳри Левакант бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар вохӯрӣ ва суҳбати омӯзишӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ Котиби Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари…
7-уми май, дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 15-и шаҳри Левакант бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар вохӯрӣ ва суҳбати омӯзишӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ Котиби Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар минтақаи Бохтар Ҳотамов Абдуҷаббор, котиби филиали Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар шаҳри Левакант Қурбонова Тахмина, омӯзгорон ва хонандагони муассиса иштирок намуданд.
Зимни вохӯрӣ оид ба таърихи таъсисёбии Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, ҳадафу вазифаҳои он, фаъолияти башардӯстона ва нақши ин ташкилот дар расонидани кумак ба ниёзмандон маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд. Қайд гардид, ки Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар яке аз ташкилотҳои муҳими ҷамъиятӣ буда, дар самти ҳифзи саломатӣ, расонидани ёрии аввалия, дастгирии қишрҳои осебпазир ва тарғиби арзишҳои инсондӯстӣ фаъолияти назаррас анҷом медиҳад.
Ҳамзамон, ба хонандагон ва омӯзгорон вобаста ба расонидани ёрии аввалияи тиббӣ, амалҳо ҳангоми ҳолатҳои фавқулода ва муҳимияти ҳамдигарфаҳмӣ ва инсондӯстӣ омӯзиш гузаронида шуд. Иштирокчиён бо шавқу рағбати зиёд дар суҳбат иштирок намуда, ба саволҳои худ посух гирифтанд.
Дар қисмати хотимавии чорабинӣ миёни хонандагон ва намояндагони Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар саволу ҷавоб доир гардида, ба омӯзгорон ва хонандагони фаъол барои иштироки фаъолона туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки чунин вохӯриҳо дар баланд бардоштани маърифати хонандагон, тарбияи ҳисси инсондӯстӣ ва омодагии онҳо ба расонидани кумак дар ҳолатҳои зарурӣ нақши муҳим доранд.