5-уми май, дар доираи нақшаи кории Шӯрои ҷамъиятӣ дар назди Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, Нуқтаи сайёри милитсия дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 3-и шаҳри Левакант мустақар гардида, вохӯрии…
5-уми май, дар доираи нақшаи кории Шӯрои ҷамъиятӣ дар назди Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, Нуқтаи сайёри милитсия дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 3-и шаҳри Левакант мустақар гардида, вохӯрии судманд бо сокинони деҳаи Вахши ҷамоати шаҳраки «Сарбанд» баргузор шуд.
Дар ин чорабинӣ раиси Шӯрои ҷамъиятӣ дар назди РВКД дар вилояти Хатлон Лоҳути Шоназаров, муовини раиси Шӯрои мазкур Асрорзода Мадина, намояндаи РВКД дар вилояти Хатлон подполковник Ҳайдарзода Рустам, раиси ҷамоати шаҳраки «Сарбанд» Фарух Султонов, нозири минтақавии ШВКД-и шаҳри Левакант Мирзоев Далер ва раиси Шӯрои ҷамъиятӣ дар назди ШВКД-и шаҳри Левакант Ашуров Орзу иштирок доштанд.
Зимни вохӯрӣ масъулин бо сокинон суҳбати озод анҷом дода, ба масъалаҳои муҳими рӯз, аз ҷумла баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, пешгирии омилҳои номатлуб, аз қабили экстремизм ва терроризм, шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, инчунин паёмадҳои таълимоти ғайриқонунии динӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Ҳамзамон, масъалаҳои марбут ба пешгирии ҳодисаҳои ғарқшавӣ ва риояи қоидаҳои бехатарӣ низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Иштирокчиёни вохӯрӣ таъкид карданд, ки ҳамкории зич миёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва аҳолӣ омили муҳими таъмини амният ва суботи ҷомеа ба шумор меравад.
Дар фарҷом, ба сокинон моҳият ва аҳамияти фаъолияти Нуқтаи сайёри милитсия шарҳ дода шуда, зикр гардид, ки чунин иқдомҳо ба наздиктар шудани милитсия ба мардум ва ҳалли саривақтии мушкилоти онҳо мусоидат мекунад.