Субҳи 5-уми май, раиси шаҳри Левакант Муминзода Мастура Табарӣ ҳамроҳи масъулини соҳаи кишоварзӣ ва дигар фаъолон аз ҷараёни фаъолияти пиллапарварон дар дар ҷамоати деҳоти "Гулистон" боздид ба амал овард. Зимни ин сафар, роҳбари шаҳр аз хоҷагиҳои…
Субҳи 5-уми май, раиси шаҳри Левакант Муминзода Мастура Табарӣ ҳамроҳи масъулини соҳаи кишоварзӣ ва дигар фаъолон аз ҷараёни фаъолияти пиллапарварон дар дар ҷамоати деҳоти "Гулистон" боздид ба амал овард.
Зимни ин сафар, роҳбари шаҳр аз хоҷагиҳои деҳқонии “Бобои Муҳриддин” ва “Бӯстон-2013” дидан намуда, бо вазъи парвариши пилла аз наздик ошно гардид. Ба раиси шаҳр иттилоъ дода шуд, ки дар ин хоҷагиҳо барои рушди соҳаи пиллапарварӣ тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шуда, деҳқонон бо истифода аз таҷрибаи пешқадам ба парвариши кирмаки пилла машғул мебошанд.
Муминзода Мастура Табарӣ зимни мулоқот бо пиллапарварон бо онҳо суҳбати самимӣ анҷом дода, аз заҳмату талошҳои онҳо дар рушди соҳаи кишоварзӣ изҳори қаноатмандӣ намуд. Ӯ таъкид кард, ки пиллапарварӣ яке аз бахшҳои муҳими иқтисодиёти кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, метавонад дар таъмини шуғли аҳолӣ ва афзоиши даромади оилаҳо нақши муассир бозад.
Ҳамзамон, раиси шаҳр ба пиллапарварон барои риояи қоидаҳои агротехникӣ, нигоҳубини дурусти кирмак ва баланд бардоштани сифати маҳсулот тавсияҳои муфид дода, онҳоро барои фаъолияти босамар ҳидоят намуд.
Дар анҷоми боздид, ӯ ба заҳмати пиллапарварон баҳои баланд дода, барои саҳми онҳо дар рушди иқтисодиёти маҳаллӣ изҳори сипос кард. Қайд гардид, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр минбаъд низ барои дастгирии соҳаи пиллапарварӣ ва беҳтар намудани шароити фаъолият тадбирҳои заруриро роҳандозӣ хоҳад намуд.