2-юми май — бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант дар соҳили дарёи Вахш, ки яке аз мавзеъҳои муҳими сайёҳию истироҳатии шаҳр ба ҳисоб меравад, аксияи экологии «Тозагии соҳил» баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ устодон ва…
2-юми май — бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант дар соҳили дарёи Вахш, ки яке аз мавзеъҳои муҳими сайёҳию истироҳатии шаҳр ба ҳисоб меравад, аксияи экологии «Тозагии соҳил» баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ устодон ва донишҷӯёни Донишкадаи байналмилалии Леваканти ДБССТ фаъолона иштирок намуда, барои тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зист саҳми арзандаи худро гузоштанд. Иштирокчиён соҳили дарёро аз партовҳои гуногун тоза карда, дар ободу зебо гардонидани ин мавзеъ саҳм гирифтанд.
Ҳамзамон, дар аксияи мазкур раиси шаҳри Левакант Муминзода Мастура Табарӣ ва дигар масъулини маҳаллӣ иштирок доштанд. Раиси шаҳр зимни суҳбат бо иштирокчиён аз иқдоми нек ва саҳми ҷавонон дар ҳифзи табиат изҳори қаноатмандӣ намуда, аҳамияти чунин чорабиниҳоро дар баланд бардоштани маърифати экологӣ ва ҳисси масъулияти шаҳрвандон муҳим арзёбӣ кард.
Дар идомаи аксия Муминзода Мастура Табарӣ ба маъмурияти Донишкадаи байналмилалии Леваканти ДБССТ барои иштироки фаъолона дар ин чорабинии экологӣ изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи худшиносӣ, ватандӯстӣ ва ободонию созандагӣ бояд ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошта бошад.
Зикр гардид, ки баргузории чунин аксияҳо дар шаҳр ба ҳифзи муҳити зист, беҳтар намудани ҳолати экологии маҳал ва ҷалби бештари аҳолӣ, бахусус ҷавонон, ба корҳои ободонӣ мусоидат менамояд. Ин гуна иқдомҳо дар шаҳри Левакант ба як анъанаи нек табдил ёфта, дар оянда низ идома хоҳанд ёфт.