2-юми май дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант қабули навбатии шаҳрвандон аз ҷониби раиси шаҳр Муминзода Мастура Табарӣ баргузор гардид. Дар ҷараёни ин қабули шаҳрвандон сокинони шаҳр бо масъалаҳои гуногуни…
2-юми май дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант қабули навбатии шаҳрвандон аз ҷониби раиси шаҳр Муминзода Мастура Табарӣ баргузор гардид.
Дар ҷараёни ин қабули шаҳрвандон сокинони шаҳр бо масъалаҳои гуногуни иҷтимоӣ ва иқтисодӣ муроҷиат намуданд. Аз ҷумла, масъалаҳои вобаста ба таъмини қитъаи замин, беҳбуди шароити манзил, таъмири роҳҳо, дастрасӣ ба хизматрасониҳои коммуналӣ, инчунин масъалаҳои шуғли аҳолӣ ва дастгирии табақаҳои ниёзманд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Раиси шаҳр ҳар як муроҷиати шаҳрвандонро бодиққат шунида, ба масъулини соҳаҳои дахлдор супоришҳои мушаххас дод, то дар муҳлатҳои муайяншуда масъалаҳои матраҳшуда ҳаллу фасл карда шаванд. Таъкид гардид, ки баррасии саривақтии муроҷиатҳои шаҳрвандон ва расонидани кӯмаки амалӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти мақомоти маҳаллӣ ба шумор меравад.
Ҳамзамон, зикр шуд, ки чунин қабули шаҳрвандон ба таҳкими робитаи мустақими байни роҳбарият ва аҳолӣ мусоидат намуда, барои дарёфти роҳҳои муассири ҳалли мушкилоти мавҷуда замина фароҳам меорад.
Дар анҷоми раиси шаҳр изҳор дошт, ки тамоми муроҷиатҳои шаҳрвандон таҳти назорати ҷиддӣ қарор гирифта, ҷиҳати ҳалли онҳо чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.