eDavlat
Государственные символы
RU
TJ
RU
EN
Государственные органы
Загрузка…
Онлайн-чат
Открыть меню
RU
TJ
RU
EN
ЛЕВАКАНТ: БОЗДИДИ РАИСИ ШАҲР АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОЗАНДАГӢ БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТ
Главная
More
Исполнительный орган государственной власти города Левакант
Новости
ЛЕВАКАНТ: БОЗДИДИ РАИСИ ШАҲР АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОЗАНДАГӢ БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТ
Единый портал государственных услуг
4 мая 2026
ЛЕВАКАНТ: БОЗДИДИ РАИСИ ШАҲР АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОЗАНДАГӢ БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТ
Субҳи 1-уми май, дар шаҳри Левакант як қатор чорабиниҳои муҳими ободонию созандагӣ баргузор гардиданд, ки ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шудаанд. Ин иқдомҳо дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори…
Субҳи 1-уми май, дар шаҳри Левакант як қатор чорабиниҳои муҳими ободонию созандагӣ баргузор гардиданд, ки ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шудаанд. Ин иқдомҳо дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, ҳадаф аз онҳо боз ҳам ободу зебо гардонидани симои шаҳр мебошад.
Раиси шаҳри Левакант Муминзода Мастура Табарӣ аз рафти сохтмони як қатор иншооти ҷашнӣ ва иҷтимоӣ дидан намуда, бо ҷараёни иҷрои корҳои сохтмонӣ аз наздик шинос гардид. Зимни боздид ба сифати корҳои анҷомёфта, риояи муҳлатҳо ва истифодаи самараноки захираҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Қайд гардид, ки иншоотҳои бунёдшаванда барои беҳтар намудани шароити зиндагии сокинон, рушди инфрасохтори шаҳр ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ аҳамияти муҳим доранд. Ба масъулин супориш дода шуд, ки сифати сохтмонро дар мадди аввал гузошта, корҳои боқимондаро дар муҳлатҳои муайяншуда ба анҷом расонанд.
Ҳамзамон, раиси шаҳр якҷо бо кормандони КДФ ХМК дар маъракаи гулшинонӣ иштирок намуда, саҳми худро дар сабзу хуррам гардонидани муҳити шаҳр гузошт. Ин иқдом ҳамчун намунаи ибрат барои сокинон арзёбӣ гардида, ба таҳкими фарҳанги экологии ҷомеа мусоидат мекунад.
Чорабиниҳои ободонӣ дар Левакант идома дошта, мақомот тасмим доранд, ки то ҷашни бузурги миллӣ шаҳрро боз ҳам зебову дилрабо гардонанд.