29-уми апрел, дар деҳаи Баҳодурони ҷамоати деҳоти «Гулистон»-и шаҳри Левакант вохӯрии судманд бо иштироки муовини раиси шаҳр Баротзода Шарифхон ва раиси ҷамоати деҳоти «Гулистон» Маҳмад Хидирзода бо намозгузорони масҷиди панҷвақта баргузор гардид.…
29-уми апрел, дар деҳаи Баҳодурони ҷамоати деҳоти «Гулистон»-и шаҳри Левакант вохӯрии судманд бо иштироки муовини раиси шаҳр Баротзода Шарифхон ва раиси ҷамоати деҳоти «Гулистон» Маҳмад Хидирзода бо намозгузорони масҷиди панҷвақта баргузор гардид.
Зимни мулоқот масъулин оид ба масъалаҳои муҳими рӯз, аз ҷумла пешгирии ҷинояткорӣ, бартарафсозии омилҳои номатлуб, мубориза бар зидди хурофотпарастӣ ва роҳ надодан ба таълимоти ғайриқонунии диннӣ суханронӣ намуданд. Қайд гардид, ки танҳо тавассути ҳамкории зичи аҳолӣ ва сохторҳои дахлдор метавон фазои солиму амни ҷомеаро таъмин кард.
Ҳамчунин, таваҷҷуҳи иштирокдорон ба масъалаҳои худнамоӣ ва зиёдаравӣ ҷалб карда шуда, зикр гардид, ки чунин рафторҳо метавонанд ба коста гардидани арзишҳои миллӣ ва фарҳанги ҷомеа таъсири манфӣ расонанд. Дар идома вобаста ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва риояи меъёрҳои беҳдоштӣ тавсияҳои муфид пешниҳод гардиданд.
Дар ҷараёни суҳбат аз намозгузорон даъват ба амал оварда шуд, ки дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон нақши фаъол дошта бошанд. Таъкид шуд, ки ҷавонон бояд дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва худшиносӣ ба камол расонида шуда, ба омӯзиши илму дониш бештар ҷалб гарданд.
Ҳамзамон, сокинон ба иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла ободонию созандагӣ даъват гардида, саҳмгузорӣ дар рушди маҳал ва беҳбудии муҳити зист ҳамчун вазифаи муҳими ҳар як шаҳрванд арзёбӣ шуд.