Бо мақсади истиқболи сазовор аз 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар шаҳри Левакант корҳои…
Бо мақсади истиқболи сазовор аз 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар шаҳри Левакант корҳои ободонию созандагӣ бо маром идома доранд.
Аз ҷумла, дар аксар кӯчаҳои ҷамоати шаҳраки «Сарбанд» ва ҷамоатҳои деҳоти «Гулистон» ва «Ваҳдат» тадбирҳои муҳими ободонӣ амалӣ карда шуданд. Дар доираи ин иқдомҳо роҳҳо таъмиру тармим гардида, каналу ҷӯйборҳо тоза карда шуданд, инчунин корҳои сабзкорӣ ва гулшинонӣ вусъат ёфтанд. Насби чароғҳои равшанидиҳанда, рангубори деворҳо ва зебогардонии муҳити зист низ аз ҷумлаи корҳои анҷомёфта ба ҳисоб мераванд.
Мақомоти иҷроия ва сокинони маҳалӣ бо ҳисси баланди ватандӯстӣ дар ин корҳои созандагӣ фаъолона иштирок намуда, барои ободу зебо гардонидани маҳалли зисти худ саҳми арзанда мегузоранд. Ба гуфтаи масъулон, чунин тадбирҳо на танҳо ба беҳтар гардидани шароити зиндагии мардум мусоидат мекунанд, балки барои баланд бардоштани фарҳанги шаҳрдорӣ ва эҳсоси ифтихори миллӣ низ замина мегузоранд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки корҳои ободонӣ дар дигар маҳаллаҳо низ идома дошта, то ҷашни бузурги миллӣ — 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо сифати баланд ба анҷом расонида мешаванд.