29-уми апрел, дар доираи бозиҳои Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба футбол дар Лигаи дуюм (минтақаи Бохтар) дар варзишгоҳи марказии шаҳри Левакант вохӯрии ҷолиб баргузор гардид. Дар ин рақобат дастаи «Сарбанд»-и Муассисаи давлатии Клуби футболи…
29-уми апрел, дар доираи бозиҳои Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба футбол дар Лигаи дуюм (минтақаи Бохтар) дар варзишгоҳи марказии шаҳри Левакант вохӯрии ҷолиб баргузор гардид. Дар ин рақобат дастаи «Сарбанд»-и Муассисаи давлатии Клуби футболи шаҳри Левакант тими «Чашма»-и ноҳияи Шаҳритусро қабул намуд.
Бозӣ аз дақиқаҳои аввал бо бартарии пурраи мизбонон оғоз ёфт. Футболбозони «Сарбанд» бо нишон додани маҳорати баланд, ҳамоҳангии хуби даставӣ ва истифодаи самараноки имкониятҳо тавонистанд дар нимаи аввал чандин гол ба самар расонанд ва натиҷаи бозиро амалан пешакӣ ҳал намоянд.
Дар қисми дуюми дидор низ ташаббус пурра дар ихтиёри дастаи "Сарбанд" боқӣ монд. Ҳамлаҳои пайдарпай ва бозии фаъол боис гардид, ки ҳисоб боз ҳам калонтар шавад. Дар ниҳоят вохӯрӣ бо ҳисоби калони 7 бар 0 ба фоидаи дастаи «Сарбанд» анҷом ёфт.
Ин пирӯзии қотеъ мавқеи дастаи «Сарбанд»-ро дар ҷадвали мусобиқа беҳтар намуда, рӯҳияи футболбозонро барои бозиҳои минбаъда боло бурд. Ҳамзамон, мухлисон аз чунин бозии зебо ва натиҷаи дурахшон қаноатманд шуданд.
Қобили зикр аст, ки Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Лигаи дуюм (минтақаи Бохтар) бо иштироки дастаҳои минтақа идома дошта, ҳар як бозӣ барои дарёфти ҷойҳои намоён аҳамияти калон дорад.