29-уми апрел, дар шаҳри Левакант бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон дар толори фарҳангии Муассисаи давлатии таълимии Донишкадаи байналмилалии Леваканти ДБССТ чорабинии муҳими маърифатӣ баргузор гардид. Вохӯрии мазкур дар доираи моҳвораи ҷавонӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон роҳандозӣ шуда, донишҷӯён ва омӯзгорони муассисаро ба ҳам овард.
Дар чорабинӣ сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон Насриддинзода Рамазон, муовини ректори донишкада Мирсаидзода Муҳаммаднаим, намояндаи Раёсати тандурустии вилояти Хатлон Қурбонзода Ҳаким ва дигар шахсони масъулу фаъолон иштирок намуда, доир ба масъалаҳои мубрами рӯз ибрози назар карданд.
Зимни суханрониҳо таъкид гардид, ки ҷавонон ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа бояд ба омӯзиши илмҳои муосир таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, донишу малакаи худро мутобиқ ба талаботи замони муосир тақвият бахшанд. Ҳамзамон, масъалаҳои пешгирии ҷавонон аз одатҳои бад, аз ҷумла нашъамандӣ ва дигар кирдорҳои номатлуб, яке аз самтҳои асосии вохӯрӣ арзёбӣ гардид.
Иштирокчиён инчунин оид ба роҳҳои пешгирии бемориҳои сироятӣ, риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим маълумоти муфассал пешниҳод намуданд. Ба ҷавонон тавсия дода шуд, ки ба саломатии худ диққати ҷиддӣ дода, аз ҳар гуна омилҳои хатарнок худдорӣ намоянд.
Дар идома, масъалаи истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ низ мавриди баррасӣ қарор гирифта, зикр шуд, ки ҷавонон бояд аз имкониятҳои ин шабакаҳо барои омӯзиш, худтакмилдиҳӣ ва пешбурди фаъолияти созанда самаранок истифода баранд, на барои беҳудагардонӣ ё паҳн кардани маълумоти носаҳеҳ.
Дар фарҷоми вохӯрӣ таъкид гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳо ба баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷавонон мусоидат намуда, онҳоро ба зиндагии фаъолона ва созанда ҳидоят менамояд.