29-уми апрел, дар шаҳри Левакант тибқи нақша-чорабиниҳои муштараки МТТҲС Маркази пешгирии ВНМО ва муассисаҳои КАТС чорабинии иттилоотию маърифатӣ дар байни сокинони кӯчаи Борбад-1 баргузор гардид. Ҳадафи асосии ин вохӯрӣ баланд бардоштани сатҳи…
29-уми апрел, дар шаҳри Левакант тибқи нақша-чорабиниҳои муштараки МТТҲС Маркази пешгирии ВНМО ва муассисаҳои КАТС чорабинии иттилоотию маърифатӣ дар байни сокинони кӯчаи Борбад-1 баргузор гардид.
Ҳадафи асосии ин вохӯрӣ баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ оид ба бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва пешгирии омилҳои хатарнок арзёбӣ гардид. Зимни суҳбату мулоқот мутахассисон ба сокинон оид ба роҳҳои пешгирӣ ва табобати бемориҳое, аз қабили ВНМО, гепатити вирусӣ, камхунӣ, ҷоғар ва дарунравӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.
Ҳамзамон, ба иштирокчиён дар бораи манфиатҳои истеъмоли донагӣ (ғизоҳои серғизо), риояи гигиенаи шахсӣ ва зарари одатҳои бад тавсияҳои амалӣ дода шуданд. Таъкид гардид, ки риояи қоидаҳои оддии беҳдоштӣ ва тарзи дурусти зиндагӣ метавонад ба коҳиши бемориҳо ва беҳтар гардидани салимии ҷомеа мусоидат намояд.
Дар доираи чорабинӣ аз ҷониби мутахассисони Маркази пешгирии ВНМО барои сокинон тестҳои ройгон гузаронида шуданд, ки ин иқдом барои ташхиси барвақтӣ ва пешгирии паҳншавии беморӣ аҳамияти муҳим дорад.
Инчунин, бо мақсади тақвияти корҳои иттилоотӣ ба иштирокчиён буклетҳои тарғиботӣ тақсим карда шуданд, ки дар онҳо маълумоти зарурӣ оид ба пешгирии бемориҳо ва нигоҳдории саломатӣ ҷой дода шудааст.
Чунин иқдомҳо дар самти баланд бардоштани маърифати тиббии аҳолӣ ва ташаккули ҷомеаи солим саҳми назаррас мегузоранд.