28-уми апрел, раиси шаҳри Левакант Муминзода Мастура Табарӣ якҷо бо дигар масъулин дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз як қатор хоҷагиҳои…
28-уми апрел, раиси шаҳри Левакант Муминзода Мастура Табарӣ якҷо бо дигар масъулин дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз як қатор хоҷагиҳои кишоварзии ҳудуди шаҳр дидан намуданд.
Зимни ин боздид масъулин бо рафти парвариши пилла, ҳолати нашъунамои пахта, кишти дигар зироатҳои кишоварзӣ ва таъмини заминҳои полезӣ бо об шинос гардиданд. Таъкид карда шуд, ки рушди соҳаи кишоварзӣ, бахусус соҳаҳои пиллапарварӣ ва пахтакорӣ, яке аз самтҳои муҳими иқтисодиёти маҳаллӣ ба ҳисоб рафта, аз кишоварзон талаб мекунад, ки бо истифода аз таҷрибаи пешқадам ва риояи қоидаҳои агротехникӣ ҳосили фаровон ба даст оранд.
Ҳамчунин, зимни боздид фаъолияти насосҳои обкаш мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор гирифта, ба масъулин ҷиҳати таъмини кори муътадил ва саривақтии онҳо дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд. Зикр гардид, ки истифодаи самараноки захираҳои об барои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо аҳамияти калон дорад.
Дар идомаи сафар раиси шаҳр аз рафти корҳои сохтмонии синфхонаҳои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 10, дар деҳаи Загертут дидан намуд. Ба масъулини сохтмон ҷиҳати риояи сифат, муҳлатҳои муқарраршуда ва истифодаи масолеҳи босифат дастур дода шуд. Қайд гардид, ки бунёди муассисаҳои таълимӣ барои беҳтар намудани шароити таҳсил ва тарбияи насли наврас аҳамияти аввалиндараҷа дорад.
Дар маҷмӯъ, боздиди мазкур бо ҳадафи назорати рафти корҳои кишоварзӣ ва сохтмон, инчунин таъмини иҷрои босифати супоришҳои роҳбарияти олии кишвар сурат гирифта, ба масъулин барои беҳтар намудани фаъолият дар самтҳои зикршуда дастуру тавсияҳои мушаххас дода шуданд.