28-уми апрел, дар шаҳри Левакант чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ–ҷамъиятӣ таҳти унвони “Фестивали дӯстии ҷавонон” баргузор гардид, ки дар доираи моҳвораи ҷавонӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст. Ин ташаббус тибқи нақша-чорабиниҳои…
28-уми апрел, дар шаҳри Левакант чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ–ҷамъиятӣ таҳти унвони “Фестивали дӯстии ҷавонон” баргузор гардид, ки дар доираи моҳвораи ҷавонӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст. Ин ташаббус тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, ҳадафи он таҳкими робитаҳои дӯстона, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва тақвияти ҳамкории ҷавонон аз гӯшаҳои гуногуни кишвар мебошад.
Дар доираи фестивал гурӯҳи калони ҷавонон аз тамоми шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ба шаҳри Левакант ташриф оварданд. Меҳмононро дар назди Муассисаи давлатии таълимии ЛКСК Леваканти ДБССТ бо самимияти хос намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарияти донишкада ва фаъолони ҷомеа истиқбол гирифтанд. Ин маросими истиқбол бо фазои дӯстӣ, эҳтиром ва ҳамдигарфаҳмӣ ҷараён гирифта, оғози расмии чорабиниҳои фестивал гардид.
Зимни боздид аз муассисаи таълимӣ меҳмонон бо дастовардҳои омӯзгорону донишҷӯён аз наздик шинос шуданд. Аз ҷумла, намоиши корҳои илмӣ, эҷодӣ ва техникии донишҷӯён таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ба худ ҷалб намуд. Ҳамчунин, иштирокчиён аз Осорхонаи муассиса дидан намуда, бо таърихи таъсис ва рушди он ошно гардиданд.
Дар ҷараёни боздид меҳмонон бо гӯшаҳои махсус бахшида ба зиндагӣ, даврони ҷавонӣ ва фаъолияти Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шинос шуданд. Дар ин гӯшаҳо лаҳзаҳои муҳими даврони ҷавонӣ, фаъолияти давлатдорӣ ва саҳми Пешвои миллат дар таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ инъикос ёфтаанд. Иштирокчиён бо тамошои аксҳо, ҳуҷҷатҳо ва ёдгориҳои таърихӣ дарки амиқтаре аз роҳи тайкардаи Пешвои миллат пайдо намуданд.
Қисмати дигари барномаи фестивал ба боздид аз мавзеъҳои сайёҳии шаҳри Левакант бахшида шуд. Меҳмонон ба ҷамоати деҳоти “Ваҳдат” сафар карда, аз манзараҳои зебои табиат ва мавзеъҳои истироҳатӣ дидан карданд. Ин сафар барои ҷавонон имконият фароҳам овард, то бо захираҳои сайёҳии минтақа аз наздик шинос шуда, аз муҳити зебову ороми он баҳра баранд.
Дар баробари барномаи фарҳангӣ, суҳбатҳои озод низ баргузор гардиданд, ки дар онҳо ҷавонон имкони мубодилаи афкор, таҷриба ва андешаҳои худро пайдо карданд. Муҳити фестивал ба таҳкими дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ миёни иштирокчиён мусоидат намуд.
Бояд таъкид кард, ки чунин чорабиниҳо дар заминаи сиёсати ҷавонпарваронаи давлату ҳукумат, бахусус талошҳои пайвастаи Пешвои миллат, нақши муҳим доранд. Онҳо барои рушди нерӯи зеҳнӣ ва иҷтимоии ҷавонон, ташаккули ҷаҳонбинии муосир ва тарбияи насли ватандӯст заминаи мусоид фароҳам меоранд.