Дар шаҳри Левакант дар доираи “Моҳвораи ҷавонӣ”, ки ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон баргузор мегардад, мусобиқаи варзишӣ аз намуди УШУ САНДА миёни наврасону ҷавонон доир шуд. Чорабинӣ тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Муассисаи давлатии мактаби варзишии шаҳр роҳандозӣ гардида, ҳадафи он рушди варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби бештари ҷавонон ба машғулиятҳои ҷисмонӣ арзёбӣ мегардад.
Дар мусобиқа варзишгарони ҷавон аз гӯшаҳои гуногуни шаҳр иштирок намуда, маҳорати худро дар рақобатҳои ҷолиб ва пуршиддат нишон доданд. Қувваозмоӣ дар фазои дӯстӣ ва рақобати солим сурат гирифта, иштирокчиён тавонистанд малака ва омодагии ҷисмонии худро ба намоиш гузоранд.
Тавре масъулин иброз доштанд, баргузории чунин мусобиқаҳо барои дарёфти истеъдодҳои нав, ташаккули рӯҳияи ватандӯстӣ ва баланд бардоштани шавқу ҳаваси ҷавонон ба варзиш мусоидат мекунад. Ҳамзамон, ин гуна чорабиниҳо дар пешгирии одатҳои номатлуб ва тарбияи насли солим нақши муҳим доранд.
Дар анҷоми мусобиқа ғолибон ва беҳтарин иштирокчиён бо медалҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Ташкилкунандагон изҳори умед карданд, ки чунин чорабиниҳо дар оянда низ идома ёфта, барои рушди варзиш ва тарбияи ҷавонони фаъолу солим заминаи мусоид фароҳам меоранд.